Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ҷонибдори кам кардани квотаҳои муҳоҷирон аст


Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш бӯҳрони сартосарии иқтисодиро бо "хисороти ночиз" пушти сар хоҳад кард. Изҳороти Путин дар оғози маросими суолу ҷавоби солонаи вай бо сокинони Русия садо дод. Маросими мазкур ба таври зинда тавассути телевизион ва радио имрӯз намоиш дода шуд. Феълан дар ҷомеаи Русия аз амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ ва поинрафти қимати нафт нигарониҳо эҳсос мешавад. Дар ҷои дигари ин мусоҳибааш роҷеъ ба мушкилоти бозори кор ва таъмини сокинони Русия бо шуғл, Путин гуфт, ки "эҳтимолан мизони квотаҳои муҳоҷирони кориро то 50 % коҳиш додан" зарур мешавад.
XS
SM
MD
LG