Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ва ҷилавгирӣ аз ҷангҳо


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нишасти дурӯзаи худро дар Ҳелсинки, пойтахти Финландия оғоз намуданд. Александр Штуб, вазири хориҷаи Финландия, раҳбари даврии САҲА изҳор намуд, ки дар нишаст 1200 вакил ба шумули 50 вазири хориҷаи кишварҳои узви Созмон ширкат доранд.

Муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди баррасии нишасти вазирони хориҷа – ҳаводиси Қафқоз ва таъсири он ба амнияти Аврупо, ҷилавгирӣ аз низоъҳои мусаллаҳона ва тарҳи нави Русия оид ба амният дар Аврупо хоҳанд буд. Қарор аст, тарҳи Русияро вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров ироа кунад.

Замони низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ САҲА барои он мавриди интиқоди шадид қарор гирифт, ки ба ин ҷанг вокуниши сареҳ накард ва тавону нерӯи хотима гузоштан ба ин низоъро ҳам надошт. Александр Штуб гуфт, ки низоъ миёни Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли равон САҲА-ро таҳрик додааст, ки сари мавзӯъи ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳаводис андеша кунад.

Дар робита ба тарҳи Русия оид ба таҳияи созиши нави амният дар Аврупо вазири хориҷаи Финландия гуфт, умедвор аст, ки вакилони конфронс суханронии Сергей Лавровро бо “гӯшҳои боз” ва таваҷҷӯҳи зиёд мешунаванд. Ҳамзамон, Александр Штуб иброз дошт, ки бештари нуктаҳои тарҳи пешниҳодкардаи Русия нав нестанд ва кайҳо боз на фақат аз сӯи САҲА, балки аз ҷониби НАТО ва Иттиҳоди Аврупо низ татбиқ мешаванд. Ӯ афзуд, ки қабл аз ҳам нуктаҳои тарҳи Русия дар бораи эътирофи якпорчагии минтақа, андешидани чораҳои ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва арҷгузорӣ ба меъёрҳои демократия ва ҳуқуқи башарро дар назар дорад.

Вазирони умури хориҷам САҲА дар нишасти Ҳелсинки ҳамчунин ду низоъи мунҷамид дар қаламрави собиқ Шӯравӣ - баҳси миёни Озарбойҷону Арманистон дар робита ба Қаробоғи кӯҳӣ ва талошҳои хурӯҷи ҷумҳурии Приднестровйе аз ҳайати Молдоваро низ баррасӣ хоҳанд кард. Александр Штуб гуфт, ки дар мавриди ҳалли ин ду низоъ хушбин аст.

Ҳамчунин, дар конфронси Ҳелсинки изҳороте пахш хоҳад шуд, ки тибқи он Қазоқистон, бо вуҷуди мушкилу норасоиҳо дар рушди демократия, нахустин кишвари собиқ Шӯравӣ хоҳад шуд, ки соли 2010 раёсати САҲА-ро бар дӯш мегирад.

Зимнан, Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА, ки бояд дар нишасти Ҳелсинки ширкат мекард, дар лаҳзаи охир тасмими худро тағйир дод ва ба хотири мусоидат дар коҳиши шиддат вазъ миёни Ҳиндустону Покистон баъд аз ҳаводиси Мумбай ба ин минтақа парвоз кард.

XS
SM
MD
LG