Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши баҳраи бонкӣ дар Аврупо


Бонкҳои марказии Аврупо бо ҳадафи муқобила дар баробари бӯҳрони иқтисодӣ мизони баҳраи бонкиро то пасттарин нишондод дар тӯли чанд соли охир коҳиш доданд. Бонки марказии Аврупо баҳраи бонкиро 0,75 % кам карда то 2,5 дар сад, яъне камтарин нишондод дар 10 соли охир қарор дод. Дар пай, Бонки Инглистон низ нишондоди баҳраи бонкиро то як дар сад кам карда дар ҳудуди 2 % муқаррар намуд. Ин нишондоди паст бори охир 50 соли пеш мушоҳида шуда буд. Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ нақшаи азими кӯмак дар шароити бӯҳрони иқтисодиро пешниҳод кард, ки 26 миллиард Евро арзиш хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG