Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳурҳои Украина ва Тоҷикистон - Виктор Юшенко ва Эмомалӣ Раҳмон дар Киев зери шаш санад имзо гузоштанд, ки ҳамкориҳои ду кишварро дар риштаи ҷаҳонгардӣ, фарҳангу ҳунар, варзиш, кишоварзӣ, табодули илмии миёни Донишгоҳи миллии ба номи Т. Шевченкои шаҳри Киев ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар мегирад. Инчунин, раҳбарони ду кишвар зери як барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо гузоштанд.

Дар паи ин маросим, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон дар шаҳри Киев бо изҳори қаноатмандӣ аз мулоқоти имрӯзааш гуфт:

"Дар миёни санадҳои имрӯз имзошуда мехоҳам махсусан қабули Барномаи байнидавлатии дарозмуддати иқтисодиро таъкид кунам, ки ҳамкориҳои моро то соли 2012 дар назар мегирад. Ин нақша ба иҷроиши тадбирҳои мушаххас равона шудааст, ки ҳамкориҳои моро сифатан нав хоҳад кард ва ин чиз дар тиҷорати дуҷонибаи кишварҳо асари мусбат хоҳад гузошт. Ба ҳайси яке аз самтҳои пурмаҳсули ҳамкорӣ дар оянда риштаи гидроэнергетика муқаррар шуд, ки дар чаҳорчӯби он мо чанд тарҳи мушаххасро баррасӣ кардем".

Мулоқоти раҳбарони ду кишвар рӯзи 4 декабр дар Киев баргузор шуд ва тавре аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Укроин ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар доданд, Виктор Юшенко ва Эмомалӣ Раҳмон асосан рӯи мавзӯъи дурнамои равобити иқтисодии ду кишвар тамаркуз карданд.

Сипас нишасти густардаи ҳайатҳои Украина ва Тоҷикистон доир шуд, ки дар поёни он чанд санади ҳамкорӣ имзо гардид. Аз ҷумла, раҳбарони вазоратҳои кишоварзии Украина ва Тоҷикистон зери қарордод дар бораи тавсеъаи ҳамкориҳо имзо гузоштанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин санадҳо дар мавриди рушди ҷаҳонгардӣ ва ҳамкориҳо дар бахшҳои илму фарҳанг ва варзиш ҳам пазируфта шуд. Ҳайъатҳои ду кишвар дар робита ба чораҳои нави Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ миёни Украина ва Тоҷикистон то соли 2012-ум низ ба созиш расиданд. Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷоми нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки татбиқи ин чораҳо имкон медиҳад то равобити миёни ду кишвар таҳким биёбад ва, аз ҷумла, сатҳи табодули молу коло боло равад:

“Сатҳи гардиши молу коло миёни ду кишвар муттасил боло меравад ва соли равон ба беш аз 100 миллион доллар расид. Ба вижа. баъд аз сафари расмии мӯҳтарам Виктор Андреевич ба Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ табодули молу коло тақрибан 60 дар сад афзоиш ёфт. Вале имконоти мо хело бештаранд ва мо ба ин нукта зимни мулоқот таъкид кардем ва супоришҳои мушаххас додем, ки раҳбарони вазорату идора ва ширкатҳо то охири ҳамин сол қарордодҳои дахлдорро имзо кунанд”.

Дар чаҳорчӯби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Киев маросими супурдани ҷоизаҳои давлатӣ низ сурат гирифт – ба раисҷумҳури Тоҷикистон “барои саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар” ордени укроинии Ярослав Мудрий дараҷаи аввал ва ба сарвари Украина барои ҳамин гуна хизматҳояш ордени Исмоили Сомонӣ эҳто гардид.

Боздиди ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон ба Украина ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 декабр шурӯъ шуда, қарор аст, то рӯзи 5 декабр идома кунад. Рӯзи ҷумъа, 5 декабр ҳайъати Тоҷикистон барои ошноӣ бо кори корхонаи "Турбоатом", ки ҳамкори муҳими нирӯгоҳҳои обии Тоҷикистон маҳсуб шуда, тибқи ҳисобҳои мутахассисон беш аз 80 % дастгоҳҳову турбинаҳои нирӯгоҳҳои Тоҷикистонро бунёд мекунад, ба шаҳри Харков парвоз хоҳад кард.


Виктор Юшенко дар нишасти хабарии муштарак изҳори итминон кард, ки Украина дар оянда ҳам ҳампаймони аслии Тоҷикистон дар бахши энерҷӣ ва мошинсозӣ боқӣ хоҳад монд. Ӯ афзуд, ки барои кишвараш ҳамкорӣ бо ин кишвари Осиёи Марказӣ ба вижа, дар бахши энерҷӣ басо муҳим аст. Виктор Юшенко ишора кард, ки Украина навсозии агрегат ё чархаҳои нерӯгоҳи оби барқии Норакро идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, кишвараш мехоҳад дар татбиқи дигар тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди неругоҳҳои Тоҷикистон ҳам ширкат дошта бошад. Раҳбари Украина ҳамчунин хабар дод, ки дар семоҳаи аввали соли оянда дар шаҳри Душанбе нишасти комиссиюни муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нишасти тоҷирони Украинаву Тоҷикистон доир мешавад.
XS
SM
MD
LG