Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бобо" дар ҷашнвораи синамои Маскав


Ба муносибати таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи башар қарор аст 10 декабр дар Маскав даври 14-уми ҷашнвораи байналмилалии синамо бо номи "Сталкер" баргузор шавад, ки дар он ду филми сохтаи Тоҷикистон низ намоиш дода мешавад. Ҷашнвораи имсола ба 60-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар бахшида шудааст, менависад fergana.ru. Дар баробари намоишномаҳои филмсозони Қирғизистон ("Қарз"), Ӯзбакистон ("Нуқтаи назар" ва "Ҳамсафар"), инчунин филми сохтаи Азиз Сатторови тоҷикистонӣ бо номи "Бобо" рӯи пардаи синамо хоҳад омад. Қиссае дар сарнавишти як писарбачаи рустоӣ, ки бо пахтачинӣ машғул аст, дар меҳвари намоишномаи коргардони тоҷик қарор дорад. Инчунин намоишномаи маъруфи "Ҳаром ва ҳалол"-и Искандар Усмонов ҳам дар яке аз рӯзҳои ҷашнвора ба маърази тамошо гузошта мешавад. Озмуни мазкур, ки аз ҷониби филмсози маъруфи рус Марлен Хутсиев раҳбарӣ мешавад, бо маблағгузории ҳукумати Русия, Комиссариати СММ дар умури ҳуқуқи башар ва бунёди Макартурҳо ҳар сол баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG