Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши 2 маргталаб дар Афғонистон


Полиси Афғонистон гуфт, ки бомбгузорони маргталаб зимни ҳамлаи имрӯза ба ду сохтмони давлатӣ дар шаҳри ҷанубушарқии Хост дасти кам 2 нафарро куштаанд. Як бомбгузор дар назди дафтари намояндагии хадамоти зидди маводи мухаддир ва дигаре дар дохили қароргоҳи аслии хадамоти иттилоот мунфаҷир шуданд. Рӯзи чоршанбе афроди мусаллаҳ ду ришсафеди қабилаи маҳаллиро ба ҳалокат расонданд. Ин мардон ҳарду аз шаҳри Ҳирот буда, рӯзе пеш аз ин дар мулоқоти ришсафедони Афғонистон бо раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дар Кобул иштирок карданд. Дар таҳаввулоти дигар Раҳматулло Рауфӣ, раиси вилояти ҷанубии Афғонистон - Қандаҳор гуфт, ки бо як амри ҳукумати марказӣ аз вазифа барканор шудааст.
XS
SM
MD
LG