Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин дар муқобила бо бӯҳрон изҳори хушбинӣ кард


Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш бӯҳрони сартосарии иқтисодиро бо "хисороти ночиз" пушти сар хоҳад кард. Изҳороти Путин дар оғози маросими суолу ҷавоби солонаи вай бо сокинони Русия садо дод. Маросими мазкур ба таври зинда тавассути телевизион ва радио имрӯз намоиш дода шуд. Феълан дар ҷомеаи Русия аз амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ ва поинрафти қимати нафт нигарониҳо эҳсос мешавад. Мусоҳиби нахустини Путин марде аз як шаҳри Русия буд, ки гуфт, бар асари бӯҳрони баамаломада вай ва нафраони дигар ҷойҳои кории худро аз даст доданд ва ӯ аз Путин пурсид, ки бо чунин ҳол зиндагиро чӣ гуна пеш барад? Путин гуфт, ки мутмаин аст иқтисоди ҷаҳонӣ базудӣ зинда шуда дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба маҳсулоти хоми тавлиди Русия афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG