Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни Аврупо ба Тоҷикистон кӯмак кард


Комиссиюни Аврупо ба хотири пуштибонӣ аз бахши иҷтимоии иқтисоди Тоҷикистон 14 миллион Евро ихтисос дод. Хабарнигори Озодӣ дар Душанбе иттило медиҳад, ки кӯмаки мазкур дар чаҳорчӯби созишномаи ҳамкориҳои миёни Комиссиюни Аврупо ва ҳукумати Тоҷикистон ироа шудааст, ки тибқи он дар 2-3 соли оянда қарор аст ба ин ҷумҳурӣ 23 миллион доллар кӯмак ихтисос дода шавад. Ҳадафи аслии ин кӯмакҳо пуштибонӣ аз бахшҳои заъифтарини ҷомеаи Тоҷикистон, афзоиши кӯмакпулиҳо ва боло бурдани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG