Пайвандҳои дастрасӣ

Райс оид ба ӯҳдадориҳои Покистон гуфт


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс гуфт, ки раҳбарони Покистон дар амри кӯмак ба таҳқиқи ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта болои Мумбай "мутамарказ ва ӯҳдадор" шудаанд. Изҳороти хонум Райс имрӯз дар Исломобод дар паи мулоқот бо раиси ҷумҳурии Покистон Осиф Алии Зардорӣ, нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ ва мақомоти дигари баландпоя садо дод. Хонум Райс баъди мулоқот бо мақомоти Ҳинд аз Деҳлӣ ба Исломобод парвоз кардааст. Вай талош дорад аз болоравии таниш дар равобити Ҳинду Покистон ҷилавгирӣ кунад, ки бо сабаби таркишҳои ахир ва ҳалокати беш аз 170 нафар ба миён омадааст. Хонум Райс дар Исломобод гуфт:

"Мусалламан кори беҳтарин ин аст, ки ду кишвар ҳама кори аз дасташон меомадаро бо тавоноии доштаашон анҷом диҳанд, то ки ин ҳодисаҳоро пурра таҳқиқ карда дастандаркоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд. Он чи ки ман аз ӯҳдадории онҳо дарёфтам, ин омодагии пурра барои пешбурди ҳамин масир аст".

Дафтари Зардорӣ гуфт, ки президенти Покистон ба хонум Райс гуфтааст, ки дар сурати мушаххас шудани ин ки кадом як аз унсури покистонӣ дар ҳамлаҳои охир даст дорад, Исломобод аз иқдоми шадид кор хоҳад гирифт. Деҳлӣ дар анҷоми ҳамлаҳои ахир болои ду меҳмонхонаву истгоҳи Роҳи Оҳан ва як маркази яҳудӣ дар Мумбай, гурӯҳи покистонии "Лашкари Таъиба"-ро муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG