Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран нашриёти «Олтин тамға»-и шаҳри Бишкек як маҷмӯъаи дастаҷамъиро таҳти унвони «Гармония души», ё «Ҳамоҳангии қалбҳо» интишор кард.

Ба ин маҷмӯъа профессори донишгоҳи байнулмилалии Қирғизистон Чулпон Алиева ва шарқшиноси тоҷик Қодиршои Мурувват пешгуфтор навиштаанд.

Шоистаи Равшан, устоди донишгоҳи байнулмилалии Қирғизистон ва яке таълифгарони ин китоб, тайи сӯҳбати вижа бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмӯъа чакидаҳои хомаи навқаламоне ворид шудааст, ки шаҳрванди Қирғизистонанд ва ҳамчунин аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба Бишкек омадаанд ва дар донишгоҳҳои мухталифи он таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи хонуми Шоиста, мавзӯъҳои ашъори навқаламоне, ки ба ин маҷмӯъа ворид гардидаанд, васфи сулҳ, ватан, ифодагари маргу зиндагӣ, нишон додани сифатҳои инсонӣ аст. Вай афзуд, имрӯзх ҷомеъаи саросари Осиёи Марказиро бӯҳрон фаро гирифтааст, вале ҷавонон боз вақту имконият меёбанд, ки шеър эҷод кунанд ва ҷаҳони ин ҷавонон хеле рангин ва ҷолиб ба назар мерасад.

Шоистаи Равшан гуфт, ки дар маҷмӯъа ду шеъри навқалами тоҷики донишҷӯ Миралӣ Бодуршоев, ки аз Боми Ҷаҳон ба Бишкек омадааст ва дар донишгоҳи славянӣ таҳсил мекунад, ворид гардида.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, бо нашри ин маҷмӯъа гирдоварӣ ва ба табъ расонидани ашъори шоирон ва навқаламони муқими ба охир нарасидааст. Вай мегӯяд, дар ояндаи наздик маҷмӯъаи дастаҷамъии дуввумро ба дасти чоп хоҳанд супурд.

Воқеъан, баъзе шеърҳои навқаламон, ки дар ин маҷмӯъа интишор шудааст, ҳанӯз таҳрирталаб мебошад. Ба гуфтаи коршиносони масоъили фарҳангӣ, аммо он нукта қобили таҳсин аст, ки чунин маҷмӯъаи дастаҷамъии навқаламони донишҷӯ дар Қирғизистон барои нахустин бор ба чоп расид.

Дар ин маъҷӯъа ашъори навқаламон ба забонҳои қирғизӣ, русӣ ва тоҷикӣ нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG