Пайвандҳои дастрасӣ

Созишномаи дувуми молиявӣ ба маблағи 14 миллион евро байни Кумисиюни Аврупо ва Тоҷикистон ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ин созишнома, ки 4-уми декабри соли 2008 тасвиб шудааст, ба кумаки ислоҳоти ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи дастгирии ҳифзи иҷтимоъӣ равона карда шудааст ва он созишномаи аввали молиявиро, ки ҷонибҳо ҳанӯз моҳи январи соли равон 9 миллион евро имзо карда буданд, пурра мекунад.

Бар тибқи ин созишнома, дар давоми ду сол ба Тоҷикистон 17,5 миллион евро дар шакли дастгирии бӯҷавӣ ва 5,5 миллион евро ҳамчун мусоъидати техникӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳадафи асосии барномаи мазкур мусоъидат ба рушди иҷтимоъиву иқтисодии Тоҷикистон, дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ва ироъаи дастгирии ҳукумати кишвар дар коҳиши фақр дар кишвар аст.

Ин созишнома дар доираи Стротежии нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи марказӣ буда, ба таҳкими алоқаи байни ИА ва шарикони он дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар чаҳорчӯби стротежии Кумисиюни Аврупо мусоъидати он ба ин минтақаи осиёӣ ду маротиба афзуда, дар давраи солҳои 2007 – 2013 ҳудудан 750 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар давраи солҳои 2007 – 2010 Тоҷикистон 66 миллионов евро дарёфт мекунад.
XS
SM
MD
LG