Пайвандҳои дастрасӣ

Онҳо аз ҳамсолони солими худ каме фарқ доранд - яке аз даст, дигаре аз пойи равон ва ё чашми бинову гуши шунаво маҳруманд, аммо ҳунар ё истеъдоде доранд, истеъдоде, ки онҳоро ба зиндагӣ дилгарм месозад.

Зайтуна Розиқова яке аз чунин ҷавонон аст. Ӯ 22 сол дорад ва бо асобағал роҳ меравад. Аммо варзишгар аст. Қаҳрамони варзиши навъи вазнабардорӣ дар миёни маъюбон ва иштирокчии чандин озмуну сабқатҳои байнулмилаллӣ. Зайтуна духтари хеле зебо ва аз нигоҳи аввал нозук тавони бардошти беш аз 100 килограм вазнро доштааст. Ӯ хатмкардаи парваришгоҳи махсуси маълулон аст ва бори аввал 6 сол қабл дар як озмӯни ҷумҳуриявии вазнабардорӣ ширкат ва ғолиб омада, баъдан ҳамин шуғлашро идома додааст.

Зайтуна мегӯяд, набуди пойи равон барояш дар муваффақ гаштан ва пайдо кардани мавқеъ дар ҷомеъа, миёни дигар ҳамсолонаш ҳеҷ монеъа намешавад. Ӯ ба зиндагӣ дилгарм аст ва барои даст ёфтан ба комёбиҳо худ талош мекунад ва ба дигар ҳамтақдиронеаш, ки аз зиндагӣ ноумеду кунҷи хона рӯзашонро сипарӣ мекунанд, мегӯяд, ҳаргиз руҳафтода нашаванд, кӯшиш кунанд ва танҳо худ метавонанд зиндагии якрангашонро тағйир додаву рангин созанд:

«Он маъюбоне, ки руҳафтодаанду аз хона берун намебароянд, онҳо ҳоло шояд бисёр чизҳоро надидаву нафаҳмидаанд. Хуб мебуд, ки онҳо мебаромаданд, ба омӯзиш ва ё варзиш машғул мешуданд, фикрҳои беҳударо аз сар дур карда ва махсус дар берунҳо талбандагӣ намекарданд. Муваффақияти ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Масалан ман дар 7 кишвар дунё будам, албатта гоҳе буд бо ҷоиза, вале гоҳе беғолибият омадаам, аммо руҳафтода намешавам».

Имрӯз дар Тоҷикистон ба мисли Зайтуна 130 ҳазор нафар бо нуқси ҷисмонӣ ва ё муълулият ба сар мебаранд, ки 70 дар сади онҳо занону кӯдаконанд, аммо ин танҳо оморӣ расмист. Ба гуфти Ассадулло Зикрихудоев, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе, ҷавонони имрӯзи маълули кишвар аз насли бузургтари ҳамтақдирони худ тафовут доранд, онҳо фаъолу қадаме пештаранд:

«Ман гуфтанӣ нестам, ки шахсони калонсол камфикр ҳастанд, вале ҷавонони мо ҳоло пештаранд. Онҳо кӯшишу талошҳои бештар доранд ва бо ин мехоҳанд ба одамони солим нишон диҳанд, ки маъюбон ҳам узви баробар ҳуқуқи ҷомеъа ҳастанд ва набояд, ба онҳо танҳо бо нигоҳи ҳамдардӣ ва дилсузӣ назар кард».

Эсанбой Воҳидов, раиси иттиҳодияи миллии маъюбони тоҷик, мегӯяд, аксари наврасону ҷавонони ҷисман маълул, вале дорои ақли солим, орзӯи дар қатори ҳамсолони худ дониш омӯхтан ва соҳибмаълумот шуданро доранд, аммо мушкилоти зиёде монеъи амалӣ гаштани ин хоҳиши онҳо мегардад. Ба таъкиди оқои Воҳидов, мушкили аслии онҳо ҳоло дар сохти мактабу донишгоҳҳои ғолибан серошёнаи кишвар аст, ки барои фарогирии хонандагони маълул мувофиқ нест. Ба хусус барои он нафароне, ки бо аробаву асобағалҳо роҳ мераванд:

«Бархе дохил мешаванд ба донишгоҳҳо, аммо азобу мушкилот онҳоро водор мекунад, то баъди як муддат тарки таҳсил кунанд. Чун, фарз кардем, он ҷавонро барои гаштан дар роҳраву баромадан ба ошёнаҳои донишгоҳ як рӯз кӯмак мекунанд ва ду рӯз, дигар худ ҳам шарм медорад ва маҷбур мешавад, ки аз баҳри таҳсил гузарад. Дар кишварҳои хориҷ маълулони маҳрум аз пой ва бо аробачаҳо метавонанд худ бидуни кӯмаки ягон кас озодона дар кучаҳо сайру гашт кунанд, аммо дар мо чунин шароит нест».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфти Ассадулло Зикрихудоев, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе, маҳз ин қишри аҳолӣ, ки дорои имконоти маҳдуди ҷисмианд ба таҳсил бештар ниёз доранд, чун онҳо корҳои ҷисмонӣ карда наметавонанд ва ягона роҳи пешбурди зиндагиашон ҳам дар истифодабари аз илму малакаҳаои зеҳнӣ хоҳад буд:

«Худованд агар онҳоро ҷисман каме ноқис карда бошад ҳам, аммо фикран, ақлан моро хеле бой кардааст. Дар ҳамин 2-3 соли охир хеле мактабҳои зиёде сохта шудаанд, аммо касе суол намекунад, ки оё ин сохтмонҳо ба маъюбон мувофиқ ҳастанд ё на?»

Ғолибан наврасону ҷавонони дорои имконияти маҳдуд дар парваришгоҳҳои шабонарӯзии махсуси муълулон тарбия мегиранд, ки дар ин муассисаҳо чандон шароити хуби зисту таҳсил муҳаё нест. Ва аз сӯи дигар, ба гуфти муттахассисон, бархе аз волидон кӯдакони худро ба ин мактабинтернатҳои супурдаву дигар аёдати онҳоро аз хотир мебароранд.

Саида Иноятова, раиси сомони занҳои маъюб, мегӯяд, ӯ зидди тарбияи наврасону ҷавонони маълул дар парваришгоҳҳои шабонарӯзӣ аст, зеро мегӯяд, кӯдакони ҷисман маҳдуд ҳам ҳуқуқ доранд аз таълиму тарбия бахурдор бошанд ва ҳамзамон назди волидони худ зиндагӣ намоянд. Зеро аз ҳама бештар онҳо ба меҳрубони ниёз доранд: «Дар интернат онҳо аз оила аз волидон дур ҳастанд, ҳатто модарашон ба онҳо наметавонад шабона шаби хуш гӯяд ва аз сарашон бӯса кунад».

Хонум Саида меафзояд, маълулон ғолибан дар ҳама ҷо ба табъиз дучор мешаванд, ҳатто дар оилаҳои хеш. Ба қавли ӯ, аксари волидайн доштани кӯдаки маъюбро на танҳо аз мактаб, балки аз ҷомеъа дур намуда пинҳон медоранд, чун метарсанд, ки муносиботи ҷомеъа нисбати онҳо тағйир мехурад:

«Онҳо фикр мекунанд, ки ҷомеъа мегӯяд, онҳо ягон айб ё гуноҳ доранд назди Худованд ва барои ҳамин фарзанди маъюб доранд. Онҳо метарсанд, ки фардо барои духтарони солимашон хостгорҳо намеоянд, чун насли онҳо чунин маълул хоҳад буд, аммо ин нодуруст аст, зани маълул метавонад фарзанди солим таваллуд кунад ва ё баръакс».

Зимнан бояд гуфт, ки бар асоси як пажӯҳиши бунёди атфоли Созмони Миллали Муттаҳид муайян шудааст, ки кӯдакони маълуле, ки дар муассисаҳои пӯшида қарор доранд ва аз ҷомеъа дар каноранд, наметавонанд ҳамчун инсони комил рушд кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG