Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Дар Афғонистон нируҳои бештар зарур аст


Яап де Ҳуп Схеффер-Дабири Кулли паймони НАТО мегуяд, ин паймон бояд дар Афғонистон нируҳои бештар мустақар кунад, агар бихоҳад, ки муборизаи панҷсолааш бар зидди шуришиёни Толибон вориди бунбаст нашавад. Оқои Схеффер ин нуктаро баъд аз мулоқоти дурузаи вазирони хориҷаи паймони НАТО дар Бруксел изҳор дошт. Ба таркиби Нируҳои байналмиллалии кумаки амниятии паймони НАТО дар Афғонистон нируҳои 47 кишвар шомил мешаванд ва то баҳори соли ҷорӣ шумораи ин нируҳо 47 000 ҳазор нафарро ташкил мекард. Ҳоло шумораи онҳо ба 51 000 ҳазор нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG