Пайвандҳои дастрасӣ

Имруз В. Юшенко ва Э. Раҳмон мулоқот мекунанд


Имруз дар Киев-пойтахти Укроин Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин ва Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар ҷараёни ин мулоқот иҷрои тавофуқоти ҳамкории миёни ду кишвар, ки дар ҷараёни боздиди Виктор Юшенко аз Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ба даст омада буд, баррасӣ хоҳад шуд. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Укроин дируз оғоз шуд . Дар ҷараёни ин боздид ҳамчунин Барномаи Амали Укроину Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009 баррасӣ мешавад. Қарор аст ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои саноъати кишоварзӣ, фарҳангиву ҳунарӣ қарордод имзо кунанд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Юлия Тимошенко-нахуствазири Укроин низ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG