Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгони фаронсавӣ дар Афғонистон раҳо шуд


Як корманди имдоди Фаронса, ки моҳе қабл дар Афғонистон рабуда шуда буд, аз гаравгонӣ раҳо шуд. Даниел Эгритоу 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар Кобул ҳангоме, ки дар яке аз маҳаллоти аҳолинишини Кобул гашту гузор мекард, тавассути афроди мусаллаҳ рабуда шуд. Вай дар як созмони ғайридавлатии Фаронса дар бахши омузишу парвариш кор мекард. Як афғон, ки мехост ин марди фаронсавиро аз рабояндагон наҷот диҳад, дар маҳали ҳодиса кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG