Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс аз Покистон дархости ҳамкорӣ кард


Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Ҳиндустон гуфт, Покистон барои расидагӣ ба ҳамлаҳои ҳафтаи гузаштаи Мумбай "масъулияти хос" дорад. Вай дар Деҳлӣ гуфт:

"Посухи ҳукумати Покистон бояд яке аз ҳамкориҳо ва кори амалӣ бошад. Ва мо ҳаминро мунтазирем. Ва мо ҳамин паёмро мефиристем".

Боздиди хонум Райс аз Ҳиндустон дар чаҳорчубаи талошҳои Амрико барои коҳиши ташаннуҷи миёни Ҳинду Покистон анҷом мегирад. Пранаб Мукҳерҷӣ-вазири хориҷаи Ҳинд мегуяд, кишвараш "шак надорад", ки ҳамлаварон аз Покистон омадаанд ва фаъолияти онҳо аз Покистон ҳамоҳанг мешуд.

XS
SM
MD
LG