Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Саакашвилӣ хостори интихобот шуданд


Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифони давлати Гурҷистон хостори баргузории интихоботи "озоду демократӣ" шудааст, то Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон баъд аз ҷанги харобиовар бо Руссия аз мақомаш канор равад. Дар як нишасти хабарӣ Нино Бурҷанадзе гуфт, ҳукумати Саакашвилӣ натавонистааст ҷудоиталабонро зери назорати худ дарорад, ҳамгероӣ бо НАТО-ро равнақ диҳад ва муносибот бо Руссияро беҳбуд бахшад. Ҳафтаи ҷорӣ вазирони кишварҳои НАТО дар Бруксел аз гузоштани нақшаи тадобири узвият дар ихтиёри Гурҷистон худдорӣ карданд. Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифон санаеро барои баргузории интихоботи зудрас ном набурдааст, вале интихоботи навбатӣ бояд соли 2013 баргузор шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG