Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди кишварҳои НАТО афзоиш меёбад


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар як нишаст дар Брюссел изҳор карданд, ки шояд то моҳи апрели соли оянда Албания ва Хорватия ба сафи кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимол ҳамроҳ шаванд. Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки Босния ва Черногория низ дар роҳи иҷрои талаботи вуруд ба НАТО муваффақ буданд. Вазирони хориҷа изҳор намуданд, ки Македония дар сурати дарёфти созиш бо Юнон дар мавриди номи кишвар барои вуруд ба НАТО даъват мешавад.

Дар нишасти Брбссел зикр гардид, ки Укроин ва Гурҷистон дар оянда метавонанд бо Паймони Атлантикаи Шимол пайванданд ва аммо аз пешниҳоди барномаи амал барои омодагӣ ба вуруд ба НАТО ба ин ду кишвар худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG