Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз сипари мушакии ИМА пуштибонӣ кард


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО аз тарҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои бунёди сипари мушакӣ дар Аврупо пуштибонӣ карданд. Онҳо дар нишасти худ дар Брюссел зери изҳороте имзо гузоштанд, ки дар он аз мустақаршавии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ҷонибдорӣ шудааст. Русия қатъан мухолифи бунёди ин сипари мушакист.

Дар нишасти Брюссел ҳамчунин дар мавриди эҳёи ботадриҷи равобит бо Русия тасмим гирифта шуд. Равобити миёни НАТО ва Русия баъд аз ҳаводиси моҳи август дар Осетияи ҷанубӣ вориди бунбаст гардид.

Кишварҳои узви НАТО эълом доштанд, ки Укроин ва Гурҷистон дар оянда метавонанд бо Паймони Атлантикаи Шимол пайванданд ва аммо аз пешниҳоди барномаи амал барои омодагӣ ба вуруд ба НАТО ба ин ду кишвар худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG