Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши навбатии манъи бомбҳои хушаӣ


Намояндагони тақрибан сад кишвар дар Осло созишнома алайҳи истифодаи бомбҳои хушаиро пазируфтанд. Гуфта мешавад, ки бархе аз ин бомбҳо баъди партоб ба замин инфиҷор намешаванд ва аз ин рӯ баъд анҷоми задухурдҳо таркида ва боиси ҳалокати мардуми осоишта мегарданд.

Аз имзои созиш чанд кишвари тавлидкунандаи бомбҳои хушаӣ - ИМА, Русия, Чин, Исроил, Ҳиндустон ва Покистон сарпечӣ карданд.
XS
SM
MD
LG