Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Райс хостори ҳамкории Исломобод ва Деҳлӣ шуд


Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА, ки айни ҳол бо як сафари расмӣ дар Деҳлӣ ба сар мебарад, аз мақомоти Покистон хостори гомҳои оҷил ва қатъӣ дар роҳи ҳамкорӣ бо Ҳиндустон дар тафтиши ҳамлаҳо ба Мумбай шуд.Ҳадафи аслии сафари хонум Райс ба Деҳлӣ мусоидат ба коҳиши шиддати авзоъ миёни Деҳлӣ ва Исломобод баъд аз ҳамла ба шаҳри Мумбай арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи муттаҳидаи сарварони ситодҳои артиши ИМА адмирал Майк Муллен низ ба хотири коҳиши ташаннуҷ миёни ин ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ вориди Исломобод шуд. Ӯ имрӯз ҳам бо раҳбарони мулкӣ ва ҳам бо фармондеҳони покистонӣ мулоқотҳо анҷом дод.

Аз ин пеш Исломобод талаби Деҳлӣ барои истирдоди афродеро, ки дар ҳамла ба шаҳри Мумбай гумонбар мешаванд, рад кард. Дирӯз мақомоти Ҳиндустон феҳрист бо ному насаби беш аз 20 гумонбари ҳамла ба шаҳри Мумбайро ба Исломобод пешниҳод карданд – гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар қаламрави Покистон ба сар мебаранд.

Бар асари ҳамла ба истгоҳи роҳи оҳан, ду меҳмонбарои бузург, тарабхона, бемористон ва Маркази яҳудиён дар Мумбай беш аз 170 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG