Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи партовгоҳҳои радиатсионии Суғд


Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Саулюс Смалис ҷиҳати бозомӯзии вазъи партовгоҳҳои радиоатсионии вилояти Суғд бо як сафари серӯза ба Хуҷанд омад.

Ҷаноби Смалис гуфт, ки натиҷаи тадқиқоташ аз вазъ дар ин партовгоҳҳо дар барномаи беҳбуди вазъи экологии минтақаи Осиёи Марказӣ корбурд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, барномаи мазкур феълан аз сӯи Созмони иқтисодии Авросиё дар ҳоли таҳия шудан қарор дорад ва коршиносони САҲА якҷоя бо ожонси Росатом (Русия) дар соли 2005 дар пайи инчунин як пажӯҳиш маблағи лозим барои безарарсозии партовгоҳҳои радиатсионӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳудуди 300 миллион доллари ИМА муайян карда буд, вале имрӯз бо тақозои ҷаҳиши нархҳо, ин рақам бознигарӣ мехоҳад.

Таййи солҳои ахир, таъкид намуд Смалис, дар бисёр созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати равшан кардани вазъи партовгоҳҳои радиатсионии вилояти Суғд пажӯҳишҳо анҷом додаанд, вале ҷиҳати безараргардонии партовгоҳҳо барномаҳои мушаххаси ҷиддие рӯи даст нагирифтаанд.

Вилояти Суғд дорои даҳ партовгоҳи моддаҳои радиоактиви мансуб ба корхонаи давлатии «Востокредмет» мебошад, ки дар масоҳати 170 ҳектор беш аз 50 миллион тонна пасмондаҳои моддаҳои радиоактивӣ хобидааст. Масъулини ин корхона мегӯянд, мушкили умда ин аст, ки безарарсозии партовгоҳҳо маблағҳои ҳангуфт талаб мекунад, вале Тоҷикистон феълан ин гуна сармоя дар даст надорад. Музаффар Юнусов, муовини сардори корхонаи «Востокредмет», партовгоҳҳои радиатсионии Суғдро ба амнияти экологии минтақа хатарангез мехонад. Ба гуфтаи вай, дар вақти заминҷунбии шадид мумкин аст сарбанди партовгоҳҳо канда шуда, моддаҳои радиатсионӣ фазову хок ва манобеъи обии минтақаро олуда гардонад. Инчунин, борону селҳои сахт ҳам чунин хавфро дар пай оварда метавонад, таъкид намуд ӯ.

Ин партовгоҳҳои радиатсионӣ наздик ба ҷойҳои маскунии одамон ҷой гирифта, ҳанӯз симхорбандӣ нашудаанд ва аз ин рӯ барои сокинону ҳайвоноти хонагиашон манбаъи хатарзо маҳсуб меёбад.

Як сокини деҳаи Ғозиён, воқеъ дар канори партовгоҳи бози Деҳмой, мегӯяд, пештар аслан зиндагии одамонро дар ин маҳал номумкин меҳисобиданд, вале бо ин вуҷуди ин дар ҳоли ҳозир аҳолии зиёде дар наздики ин партовгоҳ ба сар мебаранд: «Бачаҳову калонсолон дар павтовгоҳ фулузоти ранга мекобанд ва гоҳе ҳам ҳайвоноти хонагии худро дар онҷо мечаронанд, бехабар аз асари номатлуби шуъоъҳои радиоактивӣ, ки онҳоро мубталои бемориҳои сахт мегарданд».

Ҳама партовгоҳҳои радиатсионӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон мероси замони шӯравӣ мебошанд. Меросе, ки бо гузашти солҳо таъсири бади он барои одамон ва муҳити зист торафт бештар мегардад, вале давлати Тоҷикистон барои безараргардонии онҳо илоҷ намеҷӯяд.
XS
SM
MD
LG