Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо алайҳи раҳзанҳо ҷанг эълон кард


Иттиҳоди Аврупо эълом дошт, ки аз ҳафтаи оянда киштиҳояш дар соҳилҳои Сомалӣ амалиёти вижа алайҳи раҳзанҳои дарёиро шурӯъ мекунанд. Ин киштиҳо гурӯҳи флотилияи НАТО-ро иваз хоҳанд кард, ки тақрибан ду моҳ боз дар халиҷи Аден киштиҳо бо кумаки башарӣ барои Сомалиро раҳбаладӣ ва ҳимоя мекунанд. Аммо рушан шуд, ки киштиҳои НАТО тавони ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои муттасили раҳзанҳои дарёӣ дар минтақаро надоранд.

Айни ҳол чанд киштӣ, аз ҷумла, киштии укроинии “Фаина” бо чанд танк ва лавозимоти низомӣ ва киштии нафткашони Арабистони саъудӣ бо нафт ба маблағи 100 миллион доллар дар банди раҳзанҳои Сомалиянд. Раҳзанҳо барои раҳоии ин киштиҳо миллионҳо доллар талаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG