Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек: ҳафтаи расму ойинҳои донишҷӯён


Дар донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, воқеъ дар пойтахти Қирғизистон, ҳафтаи намоишгоҳи расму ойинҳои миллии қавму миллатҳое баргузор шуд, ки намояндагони он дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи Лариса Колюжина, ҳамоҳангсози донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ, дар намояндагони 30 қавму миллати ҷаҳон таҳсил мекунанд. Ӯ мегӯяд, баргузории намоишгоҳи расму ойинҳои миллӣ яке аз тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки ба донишҷӯён имкон хоҳад дод, то тарзи рӯзгордорӣ, фарҳанг, либос ва таъомҳои миллии ақвоми дигар намоиш шинос шаванд.

Дар оғози намоишгоҳ таҳти садои мусиқӣ ҷавонон ба саҳна баромада, рақсҳои миллии худро намоиш доданд.

Аз ҷумла, Сабзина, намояндагони Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ ширкат намуда, рақси тоҷикӣ ва анъанаҳои дигари миллати худро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ӯ гуфт: «Боиси хушҳолист, ки мо, донишҷӯёни тоҷик, бо расму русуми қавмҳои дигар ошно шудем. Муҳимтар аз ҳама баргузории чунин чорабинӣ моро ба ҳам меорад».

Ба гуфтаи Далер Саъдуллоев, донишҷӯи тоҷикистонии соли якуми бахши муносибатҳои байнулмилалии донишгоҳи амрикоии Бишкек, ин чорабинӣ як ҳафта давом мекунад ва шароит мусоидат намудааст, ки намоишгоҳ беш аз пеш домани худро фарохтар кунад, то миллатҳои кӯчактарин ҳам тавонанд халқи худ ва ойинҳои онро ба маърази тамошо гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, рӯи як миз намунаҳои фарҳанг ва суннати тоҷикӣ ба намоиш гузошта шудаанд: ҷӯробҳо, кулоҳ ва тоқии тоҷикӣ, аксҳо аз манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон, пули сомонӣ, акси президент Эмомалӣ Раҳмон, акси ҳайкали Исмоили Сомонӣ...

Дар намоишгоҳ донишҷӯёни афғонӣ низ ширкати густурда намуданд.

Ба гуфтаи Суҳайло Хайбар, як донишҷӯдухтари афғонӣ,

дар радифи ақвоми дигар дар ин намоишгоҳ намунаҳои фарҳангу ойин ва ваҳдати миллати афғон, аз ҷумла либосҳои миллии афғонӣ, ба намоиш гузошта шуданд.

Ба тазаккури дастандаркорони намоишгоҳ, чунин чорабинӣ соли панҷум аст, ки раҳандозӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG