Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кашфу мусодираи беш аз ним тонна маводди мухаддир иттилоъ дод.

Бар тибқи иттилоъи Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ҳамин вазорат, ин миқдори зиёди маводди мухадир дар соли равон дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз тарафи кормандони вазорати мазкур аз як нафар қочоқгари тоҷикистонӣ кашф ва мусодира шудааст.

Ба қавли ӯ, аз миқдори умумии 530 килограмм маводди мухаддири мусодирашуда 27, 7 килограмм ҳероин будааст.

Дар ҳамин ҳол, Шогун Бердов, корманди шуъбаи кофтукоби ҷиноятии вазорати умури дохила дар Бадахшон, ба хабарнигори родиюи Озодӣ гуфт, ки ин теъдоди маводди мухаддир аз сокини шаҳри Хоруғ бо номи Тоҳир ёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG