Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли ҷорӣ ин рӯз дар ҳоле хотирнишон мешавад, ки аз Эъломияи ҳуқуқи башар 60 сол мегузарад.

Дар ин эъломияи СММ омадааст, ки ҳамаи башарият аз ҳуқуқи баробар бархурдоранд. Ба ин далел дар давоми 60 соли гузашта барои таъмини ҳуқуқи баробар ва ҷилавгирӣ аз табъизи афроди маълул асноди дигар низ ба тасвиб расидааст. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи афроди маълул аз ҷумлаи он башумор меравад.

Дар моддаи 25-уми Эъломияи Ҳуқуқи Башар омадааст, ки ҳар фард дар вақти беморӣ, маълулӣ, муҷаррадӣ, пиронсолӣ ва набуди ҷои зист, ки хориҷ аз хости вай пеш омадааст, аз ҳақи амният бархурдор аст.

Тибқи омори СММ, ҳоло дар саросари ҷаҳон 10 дарсади аҳолӣ, ки 650 миллион нафарро ташкил медиҳанд, корношоиста ё маълул дониста мешаванд. Конвенсияи марбутаи СММ ҳуқуқи чунин афродро дар бахшҳои фарҳангиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳимоят мекунад. Вале то ҳол дар баъзе нуқоти ҷаҳон афроди маълул ба душвороиҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар баъзе ҷомеъаҳо ҳуқуқи онҳо нодида гирифта мешавад ва онҳо ба канор ронда мешаванд.

80 дарсади афроди маълул, ки бештар аз 400 миллион нафарро ташкил медиҳанд, дар кишварҳои фақир ба сар мебаранд. Дар кишварҳои пешрафта 80 дарсади афроди маълули синни қобили кор дар ҷое кор намекунанд. Дар кишварҳои саноатии ҷаҳон ин нишондод аз 50 то 70 дарсадро ташкил медиҳад. ЮНЕСКО дар гузориши худ гуфтааст, дар кишварҳои дар ҳоли рушд 90 дарсади кӯдакони маълул бо таҳсил фаро гирифта нашудаанд.

Дар гузориш омадааст, ки тақрибан 20 миллион зан дар ҷараёни бордорӣ ё душвориҳои таваллуди кӯдак маълул шудаанд. Соли ҷорӣ Рӯзи ҷаҳонии маълулон ҳамзамон бо тадобири 60-умин солгарди Эъломияи ҳуқуқи башар зери шиори "ифтихору адолат ба ҳамаи мо" баргузор мешавад. Ин бад-он маънист, ки афроди маълул низ бояд битавонанд дар баробари ҳама дар ҳаёти фарҳангиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат кунанд.

Дар Тоҷикистон низ ҳамасола ин рӯз таҷлил мешавад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин рӯз як силсила тадбирҳо баргузор кунад. Аз ҷумла бо ширкати маъюбон имрӯз дар Душанбе маҳфилҳои гуногун, консерт, мусобиқоти варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилоъи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳоло дар саросари кишвар 121 ҳазор маъюби дараҷаҳои мухталиф ба сар мебаранд, ки аз он беш аз 70 дарсадро занону кӯдакон ташкил мекунанд. Ба ҳисоби миёна нафақапулии маъюбон дар Тоҷикистон аз 16 то ба 60 сомонӣ мерасад, ки ҳади аксар баробар ба 20 доллари амрикоист.

XS
SM
MD
LG