Пайвандҳои дастрасӣ

NATO бори дигар тасдиқ кард, ки мехоҳад Гурҷистон ва Укроин дар оянда ба узвияти паймон бипайванданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан ба ҳардуи ин кишвар иҷозат дода нашудааст ба тарҳи амалии узивят бо NATO ҳамроҳ шаванд.

Кишварҳои NATO инчунин ба тавофуқ расиданд, ки гуфтушунудҳо дар бораи ҳамкории паймон бо Русия, ки баъд аз ҷанги Маскав бо Гурҷистон дар моҳи август мутаваққиф гашта буд, ба тадриҷ, аммо дар сатҳи поинтар, аз сар гирифта шавад. Дабири кулли NATO Яаап де Ҳуп Сҳеффер дар як нишасти матбуъотӣ дар ин бора гуфт, ки мулоқотҳои шӯрои NATO бо Русия акнун ба тарзи ғайрирасмӣ баргузор мешавад. Бо вуҷуди ин, таъкид намуд ӯ, миёни паймон ва Маскав ихтилофҳои умда боқӣ мемонад.

Сҳеффер инчунин изҳор намуд, ки азсаргирии ҳамкорӣ бо Маскав маънои онро надорад, ки кишварҳои NATO бо шеваи истифодаи беш азҳадди нерӯ дар муқобили Гурҷистон ва шинохти ғайриқонунии минтақаҳои ҷудоиталаби Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ аз ҷониби Кремл розианд.

Муносибатҳои паймон бо Русия ва тавсиъаи ҳамкорӣ бо Гурҷистону Укроин аз мавзӯъҳои аслии ҳамоиши вузарои корҳои хориҷии кишварҳои аъзои NATO дар Брусел буд. Дар ин мулоқот ИМА, Бритониё ва аъзои нави паймон ба монанди Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех ва кишварҳои назди соҳили баҳри Балтик густариши ҳамкории NATO бо Гурҷистону Укроинро ҷонибдори мекарданд (ҳарчанд Олмон ва Фаронса ба ин тарҳ мухолифт карданд). Дар ҳамин ҳрол, Маскав бар ин назар аст, ки ҳардуи ин кишвари собиқшуравӣ ба доираи нуфузи стротежии вай дохил мешаванд.

Ба қавли дабири NATO, ҳам Гурҷистон ва ҳам Укроин ҷиҳати ҷавобгӯӣ ба талаботи ин паймон ба пешравиҳо ноил гаштанд.

Ӯ таъкид кард, ки паймон ба Укроин ва Гурҷистон барои анҷоми ислоҳоти зарурӣ ҷиҳати омодагӣ ба узвият дар NATO кумак хоҳад намуд: “Паймон мусоъидаташро ба ҳардуи ин кишвар дар анҷоми ислоҳоти зарурӣ барои шомил шудан ба узвияти NATO идома медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки мо машварат ва ёриамонро ба ислоҳот дар чаҳорчӯби кори комиссияҳои NATO Укроин ва Гурҷистон афзоиш медиҳем”.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки барояш ин охирин нишасти NATO хоҳад буд, ишора кард, ки Маскав то ҳол барои ҳамлааш ба Гурҷистон нархи гарони дипломатӣ пардохта истодааст: “Тасарруфи Гурҷистон аз ҷониби Русия барномаи тарҳрезишудаи ҳамкорӣ бо Маскавро маҳдуд кард. Дар айни замон ҳамкории мо дар сатҳи ҳакориҳои пешин нест”.


Ништаси дурӯзаи вузарои кишварҳои аъзои NATO имрӯз, 3-вуми декабр, хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG