Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 121000 маъюб ба сар мебаранд


Имруз дар робита бо Рузи Ҷаҳонии Маълулон ба ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо ширкати маъюбон дар манотиқи мухталиф маҳфилҳои гунонгун, аз қабили консерти ҳунармандон ва мусобиқоти варзишӣ дар назар гирифта шудааст. Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳоло дар ин кишвар 121 ҳазор нафар маъюбони дараҷаҳои мухталиф ба сар мебаранд. Беш аз 70 дарсади ин маъюбонро занону кудакон ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна нафақапулии маъюбон дар Тоҷикистон аз 16 то ба 60 сомонӣ мерасад.

XS
SM
MD
LG