Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далели нави суиқасд ба Ҳарирӣ пайдо шудааст


Бозрасони СММ дар бораи суиқасд ба ҷони Рафиқ Ҳарирӣ-нахствазири фақиди Лубнон маълумоти наве ба даст овардаанд. Ин суиқасд моҳи феврали соли 2005 рух дода буд. Даниел Беллемейр-раҳбари бозрасони СММ гуфтааст, гуруҳи онҳо дар бораи ҳуввияти масъул ба куштори Рафиқ Ҳарирӣ маълумоти нав ёфтааст. Вале вай дар бораи ҷузъиёти хабар чизе нагуфтааст. Баъзеҳо мегуянд, ҳукумати Сурия дар ин куштор даст дорад, вале Димишқ ин гуфтаҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG