Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа


Дар як мақолае, ки дабири кулли созмони паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ Николай Бордюжа дар нашрияи «Независимая газета» навиштааст, гуфта мешавад, ки ин созмон дар паи ташкили як ниҳоди низомии ҳифзи сулҳ мебошад. Ба ақидаи муаллиф, ин нерӯ метавонад бо ваколати СММ амал намуда, дар қаламрави кишварҳои узв ва ё берун аз он аз низоъҳои шабеҳи муноқишаи Осетияи ҷанубӣ ҷилавгирӣ кунад.

Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ ё худ СНГ Николай Бордюжа дар нашрияи "Независимая газета" чопи Маскав навиштааст, ки созишҳои мазкур самти нави амалиёти муштараки ҳафт кишвари собиқ шӯравии узви ин паймон: Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон мебошад. Беларусу Қазоқистон аллакай ин санадҳоро ба тасвиб расондаанд.

Бордюжа бар ин назар аст, ки нерӯҳои Русия метавонанд дар се ҷабҳа яке бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, дигаре бо Беларус дар шарқи Аврупо ва сеюмӣ дар Қафқоз бо Арманистон чунин лашкари ҳомии сулҳ тартиб диҳанд.

Ба ақидаи номбурда, ҳузури нерӯҳои ҳомии сулҳ ба низоъҳои шабеҳи Осетияи Ҷанубӣ роҳ намедиҳанд. Моҳи августи соли равон нерӯҳои ҳомии сулҳи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъи мустақар дар манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон, ки аслан аз низомиёни Русия иборат мебошанд, ба нерӯҳои Гурҷистон имкон надоданд, ки Осетияи Ҷанубиро таҳти тасарруфи ҳукумати марказии ин кишвар қарор диҳанд. Бар илова, мансабдорони паймон гуфтаанд, ки дарҳои ин созмон барои аъзои нав боз ҳастанд, яъне Осетияи Ҷанубиву Абхозистон метавонанд ҳамчун узви комилҳуқуқ ба ин паймон ҳамроҳ шаванд.

Аз профессор Николай Петров, узви Шӯрои илмии бунёди Карнегӣ дар шаҳри Маскав мепурсам, оё эҳсос намекунад, ки Русия мехоҳад ба муноқишаи Гурҷистон бо Русия рӯи минтақаҳои ҷудоихоҳи осетияи Ҷанубиву Абхозистон кишварҳои узви паймонро ворид намояд?

Петров: "Фикр намекунам, ки ба ин зудиҳо чунин ҳодиса ба вуқӯъ пайвандад. Возеҳ аст, ки Маскав мехоҳад ин паймонро таҳким бахшад, вале ҳамзамон бо он возеҳ аст, ки имрӯз кишварҳои узви паймони амнияти дастаҷамъӣ худро аз низоъ дар Гурҷистон канор кашидаанд ва ва дар ояндаи наздик ҳеҷ ҳадаф надоранд ба ин низоъ ворид гарданд."

Озодӣ: «Вале агар Осетияи Ҷанубиву Абхозистон тавре Бордюжа иброз доштааст, узви созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шаванд, пас аъзои дигари паймон маҷбур мешаванд ба ҳимояи сулҳ дар ин минтақаҳо, яъне амалан ба тарафе дар муноқишаи дохилии Гурҷистон табдил ёбанд.»

Петров: "Ба фикрам, ҳозир мушкил рӯи он нест. Зеро пазируфтани узвияти онҳо дар паймон замоне сурат мегирад, ки истиқлоли онҳо эътироф шавад, вале мо ҳоло шоҳиди чунин ҳол нестем."

Абдуғаффори Камол, шореҳи тоҷик: "Табиист, ки дар чунин сурат, тамоми кишварҳои ин созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ нерӯ фиристанд, аммо масъалае, ки ин ҷо боқӣ мемонад, ин аст, ки дар дохили ҳамин паймон масоили ҳалношуда боқӣ мондааст. Масалан, шумо фикр кунед, таҳаввулоте, ки дар Андиҷон сурат гирифт, агар мисли он такрор шавад, чӣ гуна, нерӯҳои Тоҷикистон дар он ҷо ба ифои нақш мепардозанд? Ё ҳамин коре, ки дар Осетияи Ҷанубӣ рӯй дод. Русия дар аввалин нишасти баъди ин ҳодиса дар Душанбе бисёр кӯшиш кард, ки ин кишварҳо бо як овоз аз Русия ҳимоят кунанд, вале онҳо аз эҳтиёт кор гирифтанд."

Озодӣ: «Марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ба сарҳади ду кишвари ҳампаймон шабоҳат надорад, он саршор аз майдонҳои мина буда, дар ҳоли ҳозир аслан бастааст.»

Абдуғаффори Камол: "Мутаассифона, фикр мекунам, баъзан чунин рақобатҳо ба нафъи баъзе кишварҳои абарқудрат тамом мешаванд. Хуб мешуд, ки ин кишварҳо манфиати худро дар ваҳдат ва ҳамкорӣ ва наздикии кишварҳои Осиёи Марказӣ медиданд. Бубинед, чун як чароғи сабз аз Аврупо ба сӯи Узбакистон равшан шуд, ки таҳрими ин кишварро аз байн мебаранд, Тошканд, эълон кард, ки аз ЕВРАЗЕС берун мешавад. Ҳамин тавр мумкин аст Тошканд аз паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳам хориҷ шавад. Бинобар ин беҳтар аст аз аввал ҳамин мушкилиҳо ҳал шаванд ва агар Русия ҳам дар он саҳм гирад, бештар нафъ хоҳад бардошт."

Феълан, Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ воҳиди муштараки зудамал таъсис додааст, ки дар он аз ҳар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ як ва ё якчанд баталион шомил мебошанд. Ба навиштаи Николай Бордюжа, дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ нерӯҳои зудамал барои маҳви гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ истифода мешаванд, вале барои ҳалли вазифаҳои сиёсӣ ва аз ҷумла муқовимат ба кӯшишҳои таҷовузкоронаи як ва ё якчанд давлат танзими як нерӯи бузурги муштарак ва ҳамоҳангии амалкардҳои он зарур аст.

XS
SM
MD
LG