Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Аврупо аз нияти Боку нигарон аст


Як ниҳоди мӯътабари ҳомии ҳуқуқи Аврупо аз қасди Озарбойҷон барои манъи пахши барномаи расонаҳои хориҷӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард. Террӣ Девис - дабири кулли Шӯрои Аврупо гуфт, аз пешниҳоди ҳукумати Озарбойҷон ҳайратзада шудааст, ки дар сурати пазируфтанаш, аз якуми январи соли 2009 ҳукми иҷроро мегирад. Дар сурати тасвиби тарҳи мазкур, пахши барномаҳои Радиоҳои Би Би Си, Садои Амрико ва Радиои Озодӣ аз тариқи мавҷи миёна ва ё Эф Эм ғайримумкин хоҳад шуд. Дар Озарбойҷон ягон радиои мустақил барнома пахш намекунад. Террӣ Дейвис гуфтааст, ки масъалаи пахши расонаҳои хориҷиро бо мақомоти Боку баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG