Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ОПЕК мехоҳад, аъзои нав ба он пайванданд


Раҳбари ОПЕК - созмони кишварҳои содиркунандаи нафт мегӯяд, умедвор аст, мамолики дигари тавлидкунандаи нафт, аз ҷумла Русия ба ин созмон мепайванданд ва ё ҳадди аққал барои монеъи арзон шудани нафт дар бозор ба пешниҳоди коҳиши содироти нафт мувофиқат мекунанд. Чакиб Халил – мудири ОПЕК ва вазири нафти Алҷазоир имрӯз гуфт, кишварҳои тавлидкунандаи нафт ба мисли Русия, Норвегия ва Мексик бояд бо ОПЕК ҳамраъйӣ нишон диҳанд, ё ба ин созмон пайванданд ва ё ба он пайравӣ намуда, содироти нафтро камтар кунанд. Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рӯзи душанбе барои ҳар бӯшка 48 долларро ташкил дод, ки дар тӯли чаҳор соли ахир бори аввал аст мушоҳида мешавад. Коҳиши суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва кам шудани тақозо ба нафту сӯзишвории нафтӣ сабаби поён омадани қимати нафт дар бозори ҷаҳон шудааст.
XS
SM
MD
LG