Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ


Муҳаммад Солеҳ, раҳбари нерӯҳои мухолифини Узбакистон

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари нерӯҳои мухолифини Узбакистон

Бархе мақомоти сиёсиву низомии Русия мегӯянд, ки дар сурати дар қаламрави шӯравии пешин ташкил шудани нерӯҳои посдори сулҳ имкони ҷилавгирӣ аз низоъҳои хунини шабеҳи Осетияи Ҷанубӣ мавҷуд буд.

Николай Бордюжа, дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо муроҷиат ба идеяи Маскав, ки собиқаи чандинсола дорад, имрӯз гуфтааст, ки зарурат барои ташкили чунин нерӯҳо имрӯз беш аз пеш эҳсос мешавад. Ҳоло ба баррасии Думаи давлатии Русия як бастаи созишномаҳо ироа шудааст, ки шароити фаъолияти контингенти низомии ҳайати посдорони сулҳро дар зери чатни Паймони амнияти дастаҷамъӣ танзим мекунад. Ин контингент ҷалби нерӯҳоро аз ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ дар назар мегирад, ки дар сурати пеш омадани хатарҳои низомӣ тавонанд барои гирифтани пеши роҳи даргириҳои мусаллаҳона хизмат кунанд.

Аммо тавре ба назар мерасад, аз назари бисёриҳо ташкили чунин нерӯҳои низомӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-манофеъ як корест дур аст мантиқ. Бархе мегӯянд, ки дар дохили ин қаламрави равобити миёни баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя чунон пуртаниш аст, ки хатари истифодаи ин нерӯҳо зидди ҳамдигар вуҷуд дорад. Дар ин замина дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар шаҳри Прага раҳбари нирӯҳои мухолифини Узбакистон, раиси ҳизби "Эрк" Муҳаммад Солеҳ гуфт:

"Нерӯҳои посдори сулҳро танҳо зери чатри СММ қабул кардан мумкин аст. Аммо ман, чун як сиёсатмадор, шахсан мухолифи ин ҳастам, ки бидуни зарурати таъҷилӣ нерӯҳои мусаллаҳи посдори сулҳи кадом як кишварро ба кадоме аз кишварҳои дуюм ворид кардан зарур бошад. Ба фикри ман ин як рақобати пасипардаии Русия бо НАТО аст. Шояд Русия мехоҳад, ки чун алтернативаи НАТО ин нерӯҳоро созмон дода як қадам пеш гузорад. Ин як чолишест ба муқобили НАТО ва ба муқобили талошҳояш барои тавсеаёбии бештар ба самти Шарқ. Аз мавқеъи Русия агар ин амал дуруст бошад, ба назари ман, аз мавқеъи Осиёи Марказӣ ин қобили қабул нест, чунки чунин зарурати таъҷилие барои вуруди нерӯҳо ба кишваре вуҷуд надорад, ҳеҷ хабари ҷанге нест".

Озодӣ: "Баъзе таҳлилгарон ба ин андеша ҳастанд, ки ташкили чунин ба истилоҳ нерӯҳои посдори сулҳ дар қаламрави шӯравии пешин аз сӯе ғайримантиқӣ аст, бо назардошти равобити бисёр печидаи баъзе кишварҳои мисли Узбакистон ва Тоҷикистон ё равобити Тошканд бо ҳамсояҳои дигараш дар минтақа. Дар Тоҷикистон ҳамеша гӯш ба қимор ҳастанд, ки рӯзе Тошканд метавонад аз нерӯи сиёсии мисли полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев истифода кунад ва аз ин назар, масъалаи амният дар миёни ду кишвар ҳам мояи ташвиши Душанбе мебошад."

Муҳаммад Солеҳ: "Тошканд қариб 16 сол аст, ки полковник Маҳмуд Худойбердиевро чун калтаке зидди ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ медорад. Ин "калтак" ҳанӯз ҳам мафҳуми худро барои Каримов аз даст надодааст. То ҷое ман хабар дорам, одамҳои Маҳмуд ё қисми Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Ҷиззах мустақар аст, як қисми дигари ҷангиёнаш дар Боткани Қирғизистон қарор доранд. Мегӯянд, ки як бахши онҳоро ҷангиёни зархарид аз ҳисоби узбакҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд, тоҷикҳо ҳам мегӯянд, ки ҳастанд. Шумори куллии ин нерӯҳоро то ду-се ҳазор нафар мегӯянд. Аммо дар сурати зарурӣ, Каримов метавонад дар ихтиёри Худойбердиев нерӯҳои бештарро қарор диҳад, мисли оне, ки вай дар рӯйдодҳои Андиҷон соли 2005 карда буд. Гумони мо ин аст, ки дар рӯйдодҳои Андиҷон ҳамин ҷангиёни Маҳмуд иштирок карда ба сӯи мардум оташ кушоданд".

Озодӣ: "Оқои Солеҳ, агар ҳоло гузашта аз ин масъала, ва бо нигоҳ ба масоили сирф дохилиминтақаии Осиёи Марказӣ назар андозем, мебинем, ки мушкилот хеле зиёд аст ва аз сӯе, сабабгори бархе мушкилоти сиёсии ин минтақа сиёсати якҷонибаи Тошканд мебошад. Мунаққидон мегӯянд, ин кишвар дар ҳар марҳилаи дилхоҳ тавре, ки барояш муносиб аст, рафтор мекунад: хоҳад ба ҳайати созмони ЕврАзЭС дохил мешавад, нахоҳад, онро тарк мекунад. Мушкилоти кишварҳои мисли Тоҷикистон дар дастрасӣ ба захираҳои энержии ин кишвар, масъалаи раводид ва мушкилоти дигар воқеъан ҳам боиси дардисарҳои зиёде барои ҳамсояҳои Тошканд шудааст."

Муҳаммад Солеҳ: "Рафтори Тошканд чизи наве надорад. Каримов баробари сари қудрат омаданаш бо нуқтаҳои заъфи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар ҳамсояҳояш дар минтақаи Осиёи Марказӣ бозӣ мекард. Каримов раҳбари ситезаҷӯтарини минтақа мебошад. Вай ҳамеша бо ҳамтоёнаш дар минтақа як рақобати пинҳонӣ кардааст. Ҳадаф ин ки дигарон ҳамеша аз назари сиёсиву иқтисодӣ аз Узбакистон вобаста бошанд. Ҳамсояҳои заъифтаринаш - Тоҷикистону Қирғизистонро Каримов ҳамеша азият додааст: як вақт интиқоли газро қатъ мекунаду вақти дигар намемонад, ки ин кишварҳо нерӯи барқ дастрас кунанд. Хабари охире, ки медонем, бидуни огаҳии пешакӣ бастани марзҳояш бо Тоҷикистон аст. Ва ингуна рафтори таҳрикомези Каримов 16 сол аст идома дорад, аммо, мутаассифона, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол натавонистанд адаби Каримовро бидиҳанд. Чунки онҳо маҷбур ҳастанд, ки ба хотири баъзе манофеъи дигар бо ӯ муросо кунанд. Ман мутмаин ҳастам, ки қаламрави Осиёи Марказӣ боз боз бошад, ҳама симхорҳо дар марз бардошта шуда, як муҳити воҳиди иқтисодӣ дар ин қаламрав эҷод шавад. Осиёи Марказӣ бояд мисли Иттиҳодияи Аврупо як минтақаи озод ва муттаҳид бошад".

XS
SM
MD
LG