Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти давлати Тоҷикистон дар арзёбиҳои худ гуфтаанд, агарчӣ баъзе аз рӯҳониёни бонуфуз бо ҳадафи тарғиби дин ва ахлоқи ҳамида мавъиза мехонанд, аммо баъзе аз мавъизаҳои онҳо метавонад сабаби низоъҳои мазҳабӣ ва коҳиши обрӯи ҳукумат дар байни мардум шавад.

Аз ҷумла, мавъизаҳои рӯҳонии шинохта Эшони Нуриддин, ки кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ахиран алайҳи ӯ парванда боз намуда ва аз ӯ хостааст, ки ба таҳқири афроди ҷудогонаро дар мавъизахонияш бас кунад.

Идибек Зиёев, масъули раёсати умури дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бо ишора ба ин мегӯяд: “Рӯҳониёне ҳам дорем, ки дар сухарониҳои худ гоҳо ба ифротгароӣ роҳ медиҳанд. Баъзе аз масъулони ҳукуматро таҳқир мекунанд, ки оқибати он хуб нест. Аз ташхиси диншиносӣ гузаронидани онҳо ба ин далел аст, ки боъис ба низоъ нагардад”.

Бори аввал нест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон баъзе аз наворҳои мавъизаву адабиёти мазҳабиро дорои ақоиди зиддидавлатӣ хонда нобуд кардаанд. Моҳи майи соли гузашта наворҳои мазҳабии Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо, ду рӯҳонии маъруфи кишвар, дар радифи дигар диску кассетҳои аудиоӣ, видеоӣ ва филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу терроризм аз сӯйи маъмурони амнияти миллӣ мусодира ва оташ андохта шуд.

Мулло Абдураҳим, рӯҳонии тоҷик ва имомхатиби масҷиди Қазоқон, ки мегӯяд ҳарчанд аз сӯйи мақомоти расмӣ алайҳи худ то ҳол фишоре эҳсос накардааст, ҳушдори мақомот ба Эшони Нуриддин Тӯраҷонзодаро ҳушдоре барои ҳамаи рӯҳониён медонад. Аммо мегӯяд вай, саъйи мақомот барои ҷилавгирӣ аз нуфузи рӯҳониёни кишвар боъис ба коҳиши нуфузи худи ҳукумат ва афзоиши беэътимодӣ нисбати раисиҷумҳур Раҳмон мешавад:

“Баъзе рӯҳониёнро ба сабаби он ки сухани ҳақро мегӯянд, мехоҳанд ба маҳкама кашанд. Инҳо худашон ё ҷомеъашинос нестанд ва ё нияти бад доранд. Аммо ин ба маврид нест. Зеро нисбати ҷомеъаву нисбати раисиҷумҳур нобовариро бештар мекунад. Агар мехоҳанд, ки муҳаббати мардум ба ҳукуматдорон бештар шавад, бояд аз ин уламо пуштибонӣ кунанд. Эшони Нуриддин то ҳол даъватҳои экстримистӣ накардааст. Нагуфтааст, ки хезед ва силоҳ бардоред. Ҳар чизе, ки мардум суол мекунанд, аз рӯйи шариати муҳаммадӣ ҷавоб медиҳад, тамом”.

Ҳамин тавр, рӯҳониёни кишвар иддаои мақомотро, ки дар баёни мавъизаҳояшон ба ифрот ва таҳти суол бурдани сохти дунявияти кишвар роҳ медиҳанд, радд мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, рӯҳониён ҳам мисли ҳар шаҳрванди кишвар бояд дар чаҳорчӯби қонун рафтор кунанд ва дар мавъизаҳои хеш низ бояд аз ин чаҳорчӯб берун нараванд. Онҳо ба ибораҳое ишора мекунанд, ки дар миёни суханронии рӯҳониён, аз ҷумла Эшони Нуриддин гоҳу ногоҳ садо медиҳад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ду соли ахир бархӯрди мақомот бо диндорон ва пешвои диндорон чандон одӣ набуд. Вай мегӯяд, то имрӯз даҳҳо узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ низ дар манотиқи Тоҷикистон мавриди бозпурсии маъмурони амниятӣ қарор мегиранд:

“Бо омӯхтани таърихи Имоми Аъзам шояд ҳукумат ҳам дарк кунад, ки дин як василаи ҷомеъасозӣ аст. Як василаи обод кардани ин дунёст. Шояд ин динро биёмӯзанд ва бо ин дин ошно шаванд. Вале бояд динро аз нигоҳи диндорон бубинанд ва омӯзанд, на аз нигоҳи онҳое, ки душмани ин дин ҳастанд. Ба ҳар ҳол, уммед дорем, ки агар дар соли оянда - соли Имоми Аъзам вазъият беҳ шавад, мешавад, агар не...”.

Дар ҳамин ҳол, Дафтари масоили демократия ва ҳуқуқи инсони Амрико дар гузориши тозаи худ навиштааст, муносибати давлат бо диндорон дар як соли ахир ба сардӣ гароид. Аз ҷумла ба навиштаи ин гузориш, Қонуни асосии Тоҷикистон ҳарчанд озодии мазҳабиро фароҳам мекунад, аммо бархе қавонин ва дастуру фармонҳо дар сатҳи давлатӣ бо ин ҳаққ муғойират доранд ва ба таъкиди ин гузориш, президент Раҳмон ба хотири рушди сиёсатҳои дунявӣ фаъолиятҳои мазҳабиро таҳти назорат гирифтааст.

Ба ҳар ҳол, як савол бидуни посух мемонад, ки гомҳои баъдии ҳукумат нисбати рӯҳониён ва ё вокуниши рӯҳониён нисбати амалкардҳои давлат чӣ хоҳад буд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG