Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дувуми зимистон дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоишномаи «Офати нафс» аз рӯйи достони «Хари сӯфи»-и «Маснави»-и Мавлонои Балхӣ доир шуд.

Ин намоишномаро коргардони тоҷик Нуриддини Ҷарронӣ зарфи як соли охир ба саҳна овардааст. Намоиши мазкур, ки дар жанри гротеск ба саҳна гузошта шудааст, барои театри тоҷик падидаи тоза унвон шудааст.

Намоишномаи «Офати нафс» бо хар гаштани сӯфии тақлидкор анҷом мешавад. Намоишномаи мазкур илҳомест аз достони «Маснавӣ», ки бо омезиш додани воқеъияти иҷтимоии имрӯз рӯйи саҳна омадааст. Сӯфии ноогоҳ бозигари аслии ин саҳна, ки аз моли дунё танҳо як хар дорад, дар корвонсарое ба доми фиреби ҷамъе тамаъҷуй меафтад, ки харашро нахуст бемор ва бар ивази тадовии хараш ӯро қарздор мекунанд. Бар ивази қарзу айшу ишрати суфӣ хар ба савдо меравад. Суфӣ, ки сахт дилбастаи хар буд, субҳи вақт замоне ба ҳуш меояд, ки хараш ба савдо рафтааст. Суфӣ дар ишқи хар мисли он ҳангос мезанад, ё ба истилоҳ хар мешавад.

Дар рӯйи ин достон аз воқеъиятҳои зиндагии имрӯз лаҳзаҳои мушаххасе ба сурати устокорона ҷо шудааст. Ройзани фарҳангии Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳаққи Ориёнфар мегӯяд, намоиш ба истиқболи бинанда мувоҷеҳ шуд. Гулчеҳра Нӯъмонова, санъатшиноси тоҷик ва аз нахустин бинандагони ин намоишинома, мегӯяд, коргардон зимни таҳияи намоиш тавонистааст, «Маснавӣ»-ро мутобиқ ба замони имрӯз муаррифӣ ва иблоғ кунад.

Нуриддини Ҷарронӣ, коргардони намоишнома, мегӯяд, баъди нахустнамоиш дарк кардааст, ки дар таҳияи он ба ҳадафи худ даст ёфтааст. Оғои Ҷарронӣ мегӯяд, дар меҳвари ин намоиш мазаммати нафсе аст, ки тамоми тазоду ҷангу бадбахтии башар аз он нафси аммора маншаъ мегирад. Ва шинохтани нафс масъалаест, ки башар ҳанӯз ба он нарасидааст.

Ба ҳамин тартиб, нахустин намоишнома дар жанри гротеск дар саҳнаи теати тоҷик рӯйи кор омад. Ҷолиб ба гуфтаи мунақидон боз ин буд, ки дар рӯйи саҳна боз саҳнаи дигаре сохта шуда ва тамоми намоиш дар рӯйи он саҳнае, ки атрофаш низ мисли майдони муштзанӣ баста аст, иҷро мешавад. Ин ишораи коргардон ба рамзи дар банд будани инсон назди нафси аммораи худ аст.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG