Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон гуфт, омодаи кӯмак ба Ҳинд аст


Ҳукумати Покистон мегӯяд, ба Ҳинд пешниҳод кардааст, то гурӯҳи муштараки ду кишвар ҳамлаҳои хунин ба шаҳри Мумбайро таҳқиқ намояд, ки дар ҷараёни ин ҳамлаҳо бештар аз 170 нафар кушта шуданд. Маҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷаи Покистон, гуфт, кишвараш омода аст, дар ин замина “ҳар навъ кӯмак ва ҳамкорӣ” кунад. Дар ҳоле, ки танишҳо миёни Ҳинду Покистон боло гирифтааст, Маҳмуд Қурайшӣ ҳамчунин гуфт, ҳарду кишвар бояд “пухтагӣ, ҷиддият ва сабурӣ” нишон диҳанд. Пештар аз ин ҳукумати Ҳинд аз Покистон хост, 20 тан аз терористони мазнунро, ки дар ин кишвар паноҳ бурдаанд, ба Ҳинд бисупорад.
XS
SM
MD
LG