Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ сарвазири Таиландро аз қудрат дур кард


Сарвазири Таиланд Сомчай Вонгсават қарори Додгоҳи Қонуни асосии кишвар дар робита ба ӯ ва ҳизбашро қабул дорад.

Ахиран, Додгоҳ сарвазирро аз ҳаққи ширкат дар умури сиёсат дар панҷ соли оянда маҳрум ва ҳизби ҳукмрон – Ҳизби қудрати мардумиро пароканда кард.

Эътилофи иборат аз ин ҳизб ва ва ду ҳизби ҳампаймонаш аз сӯи Додгоҳи Қонуни асосӣ дар тақаллуби натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар як соли пеш муттаҳам мешавад. Се моҳ қабл Комиссиюни марказии интихоботии Таиланд низ тақаллуби натоиҷи интихобот аз сӯи Ҳизби қудрати мардумиро эътироф намуда, хостори пароканда кардани он шуда буд.

Зимнан, сарвазир Сомчай Вонгсават – домоди сарвазири пешини Таиланд Таксин Чинават аст, ки ду сол пеш бар асари кудатои низомӣ аз маснад барканор ва аз сӯи додгоҳ дар ришвату фасод муттаҳам шуда буд. Вонгсават ҳамагӣ се моҳ қабл раёсати ҳукумати Таиландро бар дӯш гирифт.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд раҳбарони ҳизби ҳукмрон ба хотири ҳифзи назорат аз болои порлумон ва ҳукумат ҳизби нав таъсис кунанд.

Ба думболи ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ раҳбарони мухолифин изҳор намуданд, ки аз муҳосираи фуругоҳҳои пойтахт - шаҳри Бангкок даст мебардоранд. Шурӯъ аз рӯзи 4 декабр ин фурудгоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳи байнулмилалии Суварнабумӣ бо низоми пешин фаъолият хоҳанд кард. Тайи як ҳафта эътирозгарон ин фурудгоҳро забт карда буданд ва бар асари ин дасти кам 240 ҳазор хориҷиён аз имкони сари вақт ба ватан баргаштан маҳрум монданд. Тазоҳургарон фурудгоҳи Дон Муангро, ки фақат барои парвозҳо дар масирҳои маҳаллӣ бунёд шудааст, низ муҳосира карда буданд.

Як рӯз пеш маҳз дар ҳамин фурудгоҳ таркиш рух дод, ки бар асари он яке аз фаъолони мухолифин кушта шуда, 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи телевизиони Таиланд, афроди ношинос сӯи фурудгоҳ аз гранатомёт гулула андохтанд, ки он ба яке аз тирезаҳои фурудгоҳ бархурд ва гулулапораҳо болои эътирозгарон рехтанд. Ёдовар мешавем, се рӯз пеш бар асари инфиҷорҳо дар Бангкок - дар назди қароргоҳи сарвазир, дар канори студияи телевизион ва дар фурудгоҳ тақрибан 50 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

Баъд аз ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ эътирозгарон бинои асосии ҳукуматро, ки тақрибан се моҳ боз таҳти назораташон буд, тарк намуданд. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳукми Додгоҳро ҳанӯз пирӯзии комил намехонанд. Яке аз эътирозгарон мегӯяд, “мо фақат қисман пирӯз шудаем. Бояд интизор шавем ва бубинем, ки фардо чӣ рух медиҳад.» Дигар аз эътирозгарон низ бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст: “То замоне, ки ҳукумати ғамхори мардум ташкил нашавад, мо пирӯз нахоҳем буд”.

Зимнан, дирӯз сарвазир Сомчай Вонгсават изҳор карда буд, ки ба истеъфо рафтанӣ нест. Ӯ талаби пароканда кардани порлумони Таиландро низ рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, намоишҳои эътирозӣ ба иқтисоди Таиланд ба маблағи миллиардҳо доллар хисорот ворид кардааст. Моҳҳои ахир теъдоди сайёҳон дар фароғатгоҳҳои Таиланд коҳиш ёфт ва ин дар ҳолест, ки ҷаҳонгардӣ аз бахшҳои аслии даромади буҷаи ин кишвари Осиёи ҷанубу шарқӣ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG