Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти НАТО дар Брюсел шурӯъ мешавад


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО имрӯз дар шаҳри Брюссел гирди ҳам омада, муносиботи ин созмон бо Укроин ва Гурҷистонро баррасӣ мекунанд. Амрико мехоҳад, то ин ду кишвар ба Барномаи кор барои узвият пазируфта шаванд, ки ин барнома роҳро барои пайвастани ду кишвар ба Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ боз мекунад. Аммо на ҳамаи кишварҳои узви созмон тарафдори чунин тасмиманд, аз ҷумла Олмону Фаронса, ки метарсанд, пазируфтани Гурҷистону Укроин ба барнома, ҳамкориҳои онҳо бо Русияро бад хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG