Пайвандҳои дастрасӣ

Дурӣ садде нест баҳри ҳамватан


Дар Қазоқистон, таври маълум, шумораи зиёди тоҷикони бумӣ ва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ҳамчунин дар ин ҷо қазоқҳои аз Тоҷикистон омада кору зиндагӣ мекунанд, ки онҳо Тоҷикистонро ватан ва хешро як ҷузъи он медонанд ва то ҳол робитаи онҳо бо Тоҷикистон идома дорад. Ҳамчунин онҳо дар тадобири гуногуне, ки сафорати Тоҷикистон доир месозад, ширкат мекунанд ва, ба истилоҳ, ҳамеша дар рӯзи шодиву ғами Тоҷикистон бо тоҷиконанд.

Яке аз чунин хонадоне, ки хешро парвардаи Тоҷикистон ва фарзанди он мехонад, хонадони Иброҳимовҳост, ки аҳли ин хонадон алъон дар Алмаато кору зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи Гулзайра Иброҳимова, яке аз узви ин хонадон, падару модари онҳо - Ҷунусбек Иброҳимов ва Ғейлим Иброҳимова ҳанӯз солҳои сиюми садаи гузашта, замоне ки ҷумҳурии Тоҷикистон тоза таъсис ёфта буд, ба Тоҷикистон муҳоҷират карданд ва сарнавишти минбаъдаи хешро барои даҳсолаҳо ба ин ҷо пайвастанд. Ҳама фарзандони онҳо дар Тоҷикистон ба дунё омаданд.

Хонум Гулзайра яке аз фарзандони онҳост. Алъон вай ба синни 69 расидаасту беш аз 31 сол дар Алмаато зиндагӣ мекунад. Гулзайра ҳангоми сӯҳбат гуфт, ки меҳри Тоҷикистон нагузошт, ки тайи ин солҳои дурӣ аз ватанаш забони тоҷикиро фаромӯш кунад ва сӯҳбати мо асосан ба забони тоҷикӣ идома кард. Ба гуфтаи хонум Гулзайра, солҳои сиюм мардуми Қазоқистонро ду хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Яке чун дар тамоми шӯравӣ таъқиби ашрофзодагону аҳли илм ва дороён ва дигаре қаҳтиву гуруснагӣ. Аз сӯи дигар Ҷунусбеку бародаронаш хабардор мешаванд, ки барои маҳви бесаводӣ ва поягузории таълиму тарбия дар Тоҷикистони навбунёд кадрҳои соҳибмаълумот заруранд ва онҳо рӯ ба Тоҷикистон меоранд.

Гулзайра мегӯяд, «падарам ба халқи Тоҷикистон рафта ёрдам кардан даркор гуфта, соли 1932 якҷоя бо аҳли хонавода кӯчида рафтанд. Падарам дар ноҳияи Вахш мудири маориф буданд. Чанд мактаб сохта буданд. Баъд ҷанг сар шуд. Инҳо ҳафт бародар буданд ва ҳама ба ҷанг рафтанд ва аз ҷанг фақат ду кас омад—амакам ва падарам…»

Баъд Ҷунусбек Иброҳимов дар вазифаҳои гуногун, мисли раиси комиссариати ҳарбии ноҳия, мудири шӯъбаи маориф, раиси мактаб ва омӯзгор кору фаъолият мекунад ва фарзандонашро тарбия мекунад. Ҳамаи 11 фарзандаш дар Тоҷикистон соҳиби донишу маълумот ва ихтисос мегарданд. Духтари калониаш Гулсара Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад. Отабек баъди хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон муҳандис мешавад. Гулзайра низ баъди хатми мактаби олии ҳизбии Тошканд аввал корманди кумитаи ҳизбии ноҳия ва баъд раиси деҳшӯрои шаҳраки Куйбишев мешавад.

Гулзайра мегӯяд, ки чӣ ҳангоми мактабхонӣ ва чӣ кор дар Тоҷикистон онҳо ҳамеша дӯстонаву тифоқ чун бародару хоҳар зиндагӣ мекарданд. «Он вақтҳо замона дигар буд. Ягон одам «ту қазоқ ва ё ту тоҷик» намегуфт. Дар маркази ноҳия Молотов гуфтагӣ як мактаб буд ва синфҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбакӣ ҳамааш дар як мактаб буд. Байнамон на ҷанг ва на ягон гапи пасту баланд буд ва бародару хоҳар барин даҳ сол дар ҳамон ҷо хонда тамом кардем ва ҳоло ҳам дӯстӣ мекунем».

Он замон дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Гулзайра, қазоқҳо низ чун дигар қавмҳо зиндагӣ мекарданд. Ғолибан онҳо дар водии Вахш, яъне ноҳияҳои Куйбишеву Колхозобод ва ҳамчунин дар ноҳияи Маскав кору фаъолият доштанд. Вале баъди касби истиқлолият онҳо бо даъвати Нурсултон Назарбоев ба ватани бобоияшон баргаштанд.

Гулзайра мегӯяд, ки аз 11 бародару хоҳар алъон 7 нафар мондаанд ва ағлаби онон низ ба пирӣ расидаанд. Вале равобити хешро аз Тоҷикистон накандаанд ва ҳамеша дар ёди он кишвари, ба гуфтаашон афсонавӣ, ҳастанд ва тавре ҳасӯҳбати мо таъкид мекунад, Тоҷикистонро онон қабл аз ҳама барои он дӯст медоранд, ки Ватан аст. «Мана 32 сол шуд, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчида омадему мо ҳоло ҳам мешинему мегӯем дар бораи Тоҷикистон, таъриф мекунем, ёд мекунем барои он ки Тоҷикистон ватани мост».

Хоҳари калонии онҳо Гулсара, ки алъон 72-сола аст, мегӯяд, то ҳол лаззати меваҳои шаҳдомези Тоҷикистон аз даҳонаш нарафтааст. Тавре вай таъкид мекунад, то имрӯз бисёр кишварҳо, мисли Сурия, Покистон, Арабистон ва Чинро дидааст, вале чун дар Тоҷикистон дар ягон ҷое тарбузу харбуза ва шафтолуву ангури ширин нахӯрдааст.

Дигар хоҳарон ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда мегӯянд, ки шояд ширинӣ дар он аст, ки онҳо меваи ватананд. Вале аз ҳама бештар онҳо дар бораи мардуми тоҷик хотираи фаромӯшнопазире доранд ва меҳмондӯстиву меҳнатдӯстӣ ва ҳимматбаландиашонро беҳтарин фазилат медонанд ва ин хислатҳо ба онҳо ҳам гузашта.

Фарзанди аз ҳама хурдии хонавода Гулҷиян, ки худро ба тоҷикӣ Гулҷаҳон мехонад, гуфтаҳои модарашро ба хотир оварда меафзояд, ки аз ҳама бештар забони ширини тоҷикон онҳоро чунин дуру дароз дар Тоҷикистон нигоҳ доштааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, дар хонадони онҳо ва ҳама бародару хоҳарон ғизои дӯстдоштаашон палов аст ва тавре Гулзайра мегӯяд, барояш ягон ғизо чун палови тоҷикӣ хушмаза нест.

Гулзайраву Гулсара , Отабек ва дигар хоҳару бародаронашон қариб ҳар сол ба Тоҷикистон ба дидани дӯстонашон, ки хеле зиёданд, мераванд. Ҳамчунин оромгоҳи додару хоҳарашонро , ки дар он ҷо ба хок супорида шудаанд, зиёрат мекунанд. Отабек, ки дар Тоҷикистон ба тоҷикдухтар - Алла хонадор шуда, аз ӯ чаҳор фарзанд ёфта, вале ҳамсараш сари фарзанди чаҳорум рафта буд, мегӯяд, ки ин омил ва ду омили дигар онҳоро водор месозад, ки ҳамеша пайванд бо Тоҷикистон дошта бошанд. Нахуст он ватан аст, дуюм васияти падару модар ба онҳо.

Онҳо мегӯянд, «модарамон ҳамеша моро насиҳат мекард, ки вақте дар Қазоқистон бароямон мушкил буд ва моро коммунистҳо террор мекарданд, онҳо ба Тоҷикистон муҳоҷират карданд ва дар он ҷо озодона ва бидуни мушкилот кор карданд. Аз ин хотир тавре модар мегуфт, вақте ба мо душвор буд, Тоҷикистон ба мо ёрӣ расонд ва чун дар Тоҷикистон мушкил аст, бигзор онон ба назди мо биёянд ва мо бояд воми хешро ба онҳо баргардонем. Ин сухани модарамро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам. Чун ба ин ҷо тоҷикон меоянд, мо ононро пешвоз мегирем ва то аз дастамон меояд, ёрӣ мерасонем ва метавон гуфт, ки мо бо тоҷикон чун бародар ҳастем…»

XS
SM
MD
LG