Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҳамкорӣ бо Гурҷистону Укроинро баррасӣ мекунад


Имруз вазирони хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО дар Бруксел бо ҳам мулоқот мекунанд. Интизор меравад, ки онҳо бештар масоили марбут ба муносиботи кишварҳои узви ин паймон ва Укроину Гурҷистонро баррасӣ кунанд. Амрико мехоҳад, ки НАТО дар қадами аввал барномаи фаъолияти узвиятро дар ихтиёри ин ду кишвар гузорад. Аммо баъзе кишварҳои узви НАТО, аз ҷумла Олмон ва Фаронса бо ин нақша мухолифанд ва мегуянд, ки чунин кор муносибот бо Руссияро бадтар мекунад.

XS
SM
MD
LG