Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони молия сармояи ташвиқро баррасӣ мекунанд


Вазирони молияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо музокироти дурузаи худро роҷеъ ба 200 милярд евро сармояи ташвиқкунанда, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз буҳрон аст, оғоз карданд. Ин бастаро мақомоти иҷроии Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод карданд, вале он ба мухолифати ҳукуматҳои Олмон ва чанд кишвари дигари узв ру ба ру шуд. Кумиссиюни Аврупо умед дорад, ки баъд аз вазирони молия 11-12 -уми декабр раҳбарони кишварҳои Иттиҳодии Аврупо дар Бруксел ин сармояи танзимкунандаро ба тасвиб хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG