Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ҳинд сафири Покистонро фаро хонд


Вазорати хориҷаи Ҳинд гуфт, ки фиристодаи аршади Покистон дар Деҳлии Навро фаро хонда ӯро дар ҷараён гузоштааст, ки ҳамлаҳои Мумбай, ки боиси ҳалокати беш аз 170 нафар шудааст, кори дасти унсурҳое аз Покистон мебошад. Ҳукумати Ҳинд ба сафири Покистон гуфт, ки интизори иқдомоти шадид нисбати онҳоест, ки дар паси ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта қарор доранд. Ҳинд мегӯяд, ки бовар меравад ҷангиён марбут ба гурӯҳи ситезаҷӯи "Лашкали таъиба" буданд. Имрӯз ҳизби ҳокими Ҳинд гуфт, ки зарурате барои "ирсоли як пайғоми шадидлаҳн" ба Покистон пеш омадааст. Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс аз Исломобод хост бо Деҳлии Нав ҳамкории ҳамаҷониба ва шаффофро барои таҳқиқи таркишҳои ҳафтаи пеш ба роҳ монад.
XS
SM
MD
LG