Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанонаш дар Яман


Дар остонаи шурӯи мулоқотҳои расмӣ бо мақомоти Яман шоми якшанбе раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо тоҷикистониҳои муқими ин кишвар дидору мулоқоте анҷом дод. Дар ин нишаст беш аз 150 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок карданд. Тибқи иттилои сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон, дар Яман феълан беш аз 700 шаҳрванди ин кишвар бо кору таҳсил машғул ҳастанд. "Беш аз 80 дар сади онҳоро табибони тоҷик ташкил медиҳанд", - омадааст дар ин сомона. Яке аз масоили мавриди сӯҳбати шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Яман бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бартараф намудани мушкилоти марбут ба ҳолати шаҳрвандӣ ва рафту омади онҳо ба Тоҷикистон буд. Оқои Раҳмон ваъдаи таъсиси намояндагӣ ва ё консулгарии Тоҷикистон дар Яманро кардааст.

XS
SM
MD
LG