Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби созишномаҳо миёни Тоҷикистону Яман


Дар поёни сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Яман ва дидору мулоқотҳои ӯ бо ҳамтои яманиаш Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ се созишномаи ҳамкорӣ ва як ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Созишномаҳои мазкур ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва илмӣ, омӯзишу парвариш, кишоварзӣ, ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ва ҳунарро дар бар мегирад. Ёддошти тафоҳум машваратҳои сиёсиро миёни ду кишвар дар оянда дар назар мегирад. Дар мулоқот бо раҳбари Яман Эмомалӣ Раҳмон ба муштаракоти таърихиву фарҳангии миёни ду кишвар таъкид кард ва гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар риштаи амниятӣ ин ду кишвар манфиат ва нигарониҳои муштарак доранд.
XS
SM
MD
LG