Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири турк аз ҳамкориҳо бо Ереван ҳимоят кард


Вазири хориҷаи Туркия Алӣ Бобоҷон дар ҷараёни дидораш аз Озарбойҷон талошҳои Анкараро барои пешбурди равобит бо Арманистон ҳимоят кард. Дар пайи мулоқот бо ҳамтои озарбойҷониаш Элмар Мамадёров, Бобоҷон гуфт, ки равобити беҳтар миёни Арманистону Туркия, ки миёни ҳам равобити дипломатӣ надоранд, барои ҳалли низои дарозмуддати Озарбойҷону Арманистон бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ мусоидат хоҳад кард. Туркия ахиран талошҳояшро барои эҷоди равобити наздиктар бо минтақаи Қафқози Ҷанубӣ тақвият додааст.
XS
SM
MD
LG