Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди нафт кам мешавад


Дабири кулли созмони OPEC, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафтро муттаҳид мекунад, гуфт, ки ният дорад дар паи нишасти 17 декабр дар Алҷазоир, мизони тавлиди нафти хомро бамаротиб кам кунад. Зимни сӯҳбаташ дар ҳошияи ҳамоиши энержие дар Теҳрон Абдулло Салим Ал-Бадрӣ гуфт, ки бозор аз захираҳои нафт пур шудааст. OPEC имсол бо сабаби коҳиши қимати нафт ду дафъа дар ҳудуди 2 миллион бушка дар рӯз ҳаҷми тавлидоти нафтро коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG