Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 қурбонии ҳамлаи ҷангиён дар Покистон


Гузоришҳои расида аз шимолу ғарби Покистон ҳокист, ки имрӯз баъди таркиши мошини маргталабе дар водии Сват дасти кам 8 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ҳамла зидди як гузаргоҳи амниятӣ дар шаҳри Мингора равона шуда буд. Дар паи талошҳои нобудсозии қароргоҳи ҷангиён дар шимолу ғарби ин кишвар, Ал-Қоида ва Толибон амалиёти худро дар ин охирҳо вусъат мебахшанд.
XS
SM
MD
LG