Пайвандҳои дастрасӣ

Дар паи таркишҳои Бағдод 15 кас ҷон доданд


Мақомот гуфтанд, ки имрӯз дар паи таркиши ду бомба дар Бағдод, дасти кам 15 нафар кушта ва 45 тан захмӣ шуданд. Дар миёни захмиҳо як генерали аршади вазорати дифои Ироқ низ ном бурда мешавад. Ҳодисаи авввал дар хиёбони Фаластин, воқеъ дар маркази Бағдод рӯй дод. Дар натиҷаи таркиши мазкур 6 нафар кушта ва 35 кас маҷрӯҳ шуданд. Дар шимоли Бағдод таркише як мақоми вазорати дифоъро дар назди манзили ӯ шадидан маҷрӯҳ карда аммо ронандаи ӯву чанд раҳгузарро ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG