Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон


Муовини раиси "Ориёнбонк" гуфт, ки бӯҳрони сартосарии молӣ метавонад ба таври мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир расонад. Умед Давлатзода дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки пастравии қимати пахтаи хом (дар ҳудуди 40 %) ва алюминиум (то 50 %) дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ба даромади буҷаи Тоҷикистон аз ин ду маҳсулоти аслии содиротӣ таъсири манфӣ расонад. Илова ба ин, бо тавсеаи бӯҳрони молӣ ва коҳиши корҳои сохтмонӣ дар Русия, ки дар онҳо аксаран мардикорони тоҷикистонӣ машғул ҳастанд, метавонад ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии хонаводаҳои муҳоҷирон дар Тоҷикистон таъсиргузор бошад. Умед Давлатзода афзуд, ки фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон, ки солҳои охир аз интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик зинда шуда буд, зарар хоҳад дид.
XS
SM
MD
LG