Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расидагии додситонии Екатеринбург ба қазияи тоҷикон


Як мақоми додситонии ноҳияи Ленини вилояти Екатеринбург дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи пешакии шикояти коргарони ширкати сохтмонии "СКА" собит кардааст, ки мудирияти ин ширкат ба коргаронаш ҳаққи заҳмати думоҳаи онҳоро пардохт накардааст. Римма Бобина ёвари додситон гуфт, ки "сухан дар бораи "чанд миллион рубли русӣ" меравад, ки бояд "ба 113 коргар" пардохт шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои кор бо ширкати "СКА" ҷалб шуда буданд, гуфтанд, раҳбарият ҳаққи заҳмати чаҳормоҳаи онҳоро пардохт накардааст ва онҳо бо талаби баргардонидани маошашон коршиканӣ мекунанд. Ҳаҷми куллии маблағҳое, ки ба коргарон пардохт нашудааст, ҳоло ҳисобу китоб мешавад. Додситонии ноҳияи Ленини вилояти Екатеринбург ваъда дод, ки ширкати сохтмониро муваззаф мекунад, ки маоши коргаронро пурра пардохт кунад. Барои расидагӣ ба мушкили коргарони тоҷик мақомоти ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург ва консулгарии Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Коргарони тоҷик машғули сохтани манзили бисёрошёнае дар Екатеринбург мебошанд. Оҷонсии интернетии fergana.ru дар тафсилоти ин хабар мегӯяд, ки қаблан барои бунёди ин манзил сохтмончиёни туркӣ ҷалб шуда буданд, вале ширкати "СКА" ба онҳо низ ҳаққи заҳматашонро пардохт накардааст. Ин қазия баъди даст ба коршиканӣ задани коргарони турк ва мудохилаи додситонӣ ҳал шудааст.
XS
SM
MD
LG